Таҷлили рӯзи ҷавонон дар Хатлон
Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар»,Меҳрубон Сатторова) -Дар доираи «Як моҳи ҷавонон» дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон чорабиниҳои зиёд доир гашта истодаанд. Дар ин муддат вохӯрии ҷавонон бо вакилон ва иштирокчиёни иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ, спартакиадаи варзишӣ байни донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, семинарҳои омӯзишӣ ва дигар чорабиниҳо бахшида ба ҳаёти ҷавонон гузаронида шуданд. Фирӯза Шарипова, сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон гуфт, ки барои таҷлили ин рӯз ҷавонони Хатлон омодагии бештар доранд. Имсол ин санаи муҳими таърихӣ бо шукӯҳи хосса дар Хатлонзамин ҷашн гирифта мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






