Таҷлили Рӯзи метрология дар Тоҷикистон
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҳамасола дар ҷаҳон 20 май ҳамчун Рӯзи метрология қайд мегардад. Ба ин муносибат 19 май дар Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» конфронси илмию назариявӣ дар мавзӯи «Метрология ва таъмини метрологӣ» доир гардид. Дар он мутахассисони «Тоҷикстандарт» ва намояндагони ин соҳа аз идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, аз қабили ҶСКХ «Барқи тоҷик», КВД «Ширкати алюминии тоҷик» иштирок намуданд. Мавриди ёдоварист, ки Рӯзи касбии метрологҳо бо назардошти имзои Конвенсияи метрӣ 20 майи соли 1875 дар Париж бо пешниҳоди ЮНЕСКО аз соли 2001 инҷониб таҷлил мегардад. Дар Агентии «Тоҷикстандарт» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки иштирокдорони конфронс мавзӯъҳои марбут ба метрологияро мавриди муҳокима қарор дода, роҷеъ ба таърих ва роҳҳои рушди соҳа маърӯза карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






