Таҷлили Рӯзи метрология дар Тоҷикистон

Май 21, 2012 11:44

Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҳамасола дар ҷаҳон 20 май ҳамчун Рӯзи метрология қайд мегардад. Ба ин муносибат 19 май дар Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» конфронси илмию назариявӣ дар мавзӯи «Метрология ва таъмини метрологӣ» доир гардид. Дар он мутахассисони «Тоҷикстандарт» ва намояндагони ин соҳа аз идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, аз қабили ҶСКХ «Барқи тоҷик», КВД «Ширкати алюминии тоҷик» иштирок намуданд. Мавриди ёдоварист, ки Рӯзи касбии метрологҳо бо назардошти имзои Конвенсияи метрӣ 20 майи соли 1875 дар Париж бо пешниҳоди ЮНЕСКО аз соли 2001 инҷониб таҷлил мегардад. Дар Агентии «Тоҷикстандарт» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки иштирокдорони конфронс мавзӯъҳои марбут ба метрологияро мавриди муҳокима қарор дода, роҷеъ ба таърих ва роҳҳои рушди соҳа маърӯза карданд.

Май 21, 2012 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд