Табдили партовгаҳ ба боғистон
Суғд, 11 май. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Як мавзеи беобу санглохи бекорхобида, ки ҳатто ба партовгоҳ табдил ёфта буд, бо заҳмату ғайрати аҳли оила, пайвандон ва пайравони соҳибкорзан- сокини шаҳри Чкалов Ганҷина Раҳмонова ба макони сабзу хуррам табдил ёфт.Ба кори ободонию хуррамнамоии ин мавзеъ чанд тан аз деҳқонони соҳибтаҷриба ҷалб гардида, дар масоҳати 0,7 гектар бо истифодаи конструксияи оҳану бетонӣ, хишт ва ҷорӣ намудани усули қатравии обёрӣ дар шаҳри Чкалов ягона гармхонаи истеҳсоли сабзавоту зироати барвақтӣ ташкил шуд, ки ҳосили аввалини бодиринги гармхонаро ба тарбиятгирандагони мактаб — интернати шаҳр ҳамчун кӯмаки хайрия тақдим намуданд.Ҳамчунин дар ин мавзеъ майдони васеи сафедор, боғи зардолую олу, гелосу олуча, бодому чормағз бунёд гардид. Парвариши чанд навъи ангур, ки аз ниҳолхонаи ангурпарварони шаҳри Турсунзода оварда шудааст, василаи паҳн намудани таҷрибаи неки ангурпарварии ватанист.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






