Тадбири «Тозагии соҳил»
Хуҷанд, 21 май. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).- Тозагии оби дарёи Сир ва соҳили он аз масъалаҳои муҳими экологӣ маҳсуб меёбад.Дар доираи «Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт» шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд, тадбири «Тозагии соҳил»-ро дар соҳили дарё, ва ҳудуди шаҳри Хуҷанд баргузор намуд. Ин тадбир бо ҷалби доираи васеи сокинони шаҳри Хуҷанд-аҳли корхонаву муассисаҳо, кумитаҳои маҳаллаҳо, толибилмони муассисаҳои таълимӣ сурат гирифт.«Тозагии соҳил» яке аз тадбирҳои экологҳои шаҳри Хуҷанд аст, ки баҳри тозагии оби Сирдарё мунтазам баргузор карда мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






