Тайёрӣ ба иштирок дар Рӯзи миллии Тоҷикистон
Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 24 май дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо вакили муваққатии корҳои сафорати Ҷумҳурии Куриё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёнг Ҷон Гу баргузор гардид. Тавре аз ПСС ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии ЭКСПО – 2012 дар шаҳри Ёсуи Ҷумҳурии Куриёро мавриди муҳокима қарор доданд. Шариф Саид аз мазмуни нигораҳои Тоҷикистон, ки доираи васеи самтҳои рушди мамлакатро фаро мегиранд, муфассал нақл кард. Ёнг Ҷон Гу кореро, ки ПСС Тоҷикистон дар ҷараёни омода сохтани нигораҳои намоишгоҳ дар муддати кӯтоҳтарин анҷом ёфтааст, ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуд.Шариф Саид хоҳиш кард, ки дар ҷараёни тайёрӣ барои иштирок дар Рӯзи миллии Тоҷикистон дар ЭКСПО – 2012 ба ҳайати расмии ҶТ кӯмак расонида шавад. Ёнг Ҷон Гу ин хоҳишро пазируфта ва изҳор дошт, ки ҳамкорӣ аз рӯи ҳамаи масъалаҳои марбут ба иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳи мазкур ривоҷ дода мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






