Талаботи ICAO таъмин карда шуд
Душанбе, 17 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуд, ки он аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод намудани хизматрасонии аэронавигатсионӣ аст. Сафаралӣ Гулов, вакили палатаи поёнии парлумон мегўяд: андоз аз арзиши иловашуда дар бахши хизматрасонии аэронавигатсионӣ ҳанўз охири соли 2010 бо ворид намудани тағйирот ба Кодекси андоз ҷорӣ гардида буд. Тибқи ин тағйирот аз 1 январи соли 2011 дар Тоҷикистон пардохти андоз аз арзиши иловашуда барои хизматрасонии аэронавигатсионӣ роҳандозӣ гардид, ки он хилофи талаботи Конвентсияи байналмилалии авиатсияи гражданӣ /International Civil Aviation Organization (ICAO)/ аст, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи октябри соли 1993 ба узвияти ин ниҳод пазируфта шудааст ва бояд талаботи онро риоя намояд. Ҳамзамон Рўҳуллоҳ Ҳакимов, муовини вазири молияи кишвар гуфт: зимни парвози тайёраҳои ширкатҳои ҳавонавардии Тоҷикистон дар фазои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Балтика, Иттиҳоди Аврупо ва Шарқи Наздик аз онҳо андоз аз арзиши иловашуда дар бахши хизматрасонии аэронавигатсионӣ талаб карда намешавад. Агар мо ин равандро, яъне хизматрасонӣ дар бахши аэронавигатсияро аз андоз аз арзиши иловашуда озод нанамоем, он ба манфиати кишвари мо нест, зеро дар ин маврид кишварҳое, ки тавассути фазояшон ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавонавардии Тоҷикистон парвоз мекунанд, аз мо талаб менамоянд, ки зимни истифодаи масири ҳавоияшон андоз аз арзиши иловашуда пардохт намоем.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






