Талоши Тоҷикистон барои шомил шудан ба ниҳоди байналмилалӣ
Душанбе, 28 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ»-ро аъзои Шўрои палатаи поёнии парлумони мамлакат 28 май баррасӣ намуданд. Зикр шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бобати таҳкими раванди пазириши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат /СҶТ/ таҳия ва пешниҳод гардида, ҳадафаш ҳифзи бахшҳои иқтисодии Тоҷикистон ва субъектҳои алоҳида аз таъсири манфии рақобати хориҷӣ, таъмини шароит ҷиҳати воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди ҷаҳон, таъмини мувозинати пардохти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо роҳи танзими воридоти молҳо ва хизматрасониҳо, танзими содироти молҳои алоҳида бо мақсади қаноатманд намудани талаботи бозори дохилии Тоҷикистон дар ҳолати камчинии чунин молҳост. Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пазируфта шуданаш ба СҶТ қонунҳои худро ба талаботи ин ниҳоди байналмилалӣ мутобиқ мекунад. СҶТ ниҳоди байналмилалӣ буда, қоидаҳои тиҷорат миёни кишварҳоро ба танзим медарорад. Алҳол 155 кишвари ҷаҳон ба узвияти СҶТ пазируфта шудааст. Тоҷикистон дар байни 22 давлати ҷаҳон дархости ба узвияти СҶТ пазируфта шуданашро ироа кардааст, ки алҳол он дар марҳилаи мухталифи баррасӣ қарор дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






