«Тантанаи ҷавонӣ»-и «Созандагони Ватан» дар Чоркӯҳ
Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 20-уми майи соли равон дар асоси ҳидояти Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, дастгирии Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо ташаббуси намояндагии ташкилоти «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии фарҳангию сиёсӣ доир гардид. Дар он зиёда аз 5 ҳазор нафар сокини ҷамоат ва аъзои ташкилоти «Созандагони Ватан» аз як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд. Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Даврон Зоҳидов доир ба сиёсати давлатии ҷавонон, иқдоми ҲХДТ ҷиҳати дастгирии онҳо, рушду нумӯи шаҳри Исфара дар солҳои соҳибистиқлолӣ, мақсаду мароми «Созандагони Ватан», аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ сухан ронда, ҷавононро ба муттаҳидию муташаккилӣ, фаъолию ватанпарастӣ даъват намуд ва бо истифода аз фурсат ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфт. Раиси шаҳри Исфара Раҳмоналӣ Амиров, ва раиси ташкилоти «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов низ доир ба саҳми ҷавонон дар пешбурди ҷомеа, ободонии Ватан ва нақшаҳои минбаъдаи ин ташкилот ҳарф зада, ҷамъомадагонро ба муносибати Рӯзи ҷавонон муборакбод гуфтанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






