«Тантанаи ҷавонӣ»-и «Созандагони Ватан» дар Чоркӯҳ

Май 22, 2012 11:44

Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 20-уми майи соли равон дар асоси ҳидояти Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, дастгирии Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо ташаббуси намояндагии ташкилоти «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии фарҳангию сиёсӣ доир гардид.  Дар он зиёда аз 5 ҳазор нафар сокини ҷамоат ва аъзои ташкилоти «Созандагони Ватан» аз як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд. Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Даврон Зоҳидов доир ба сиёсати давлатии ҷавонон, иқдоми ҲХДТ ҷиҳати дастгирии онҳо, рушду нумӯи шаҳри Исфара дар солҳои соҳибистиқлолӣ, мақсаду мароми «Созандагони Ватан», аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ сухан ронда, ҷавононро ба муттаҳидию муташаккилӣ, фаъолию ватанпарастӣ даъват намуд ва бо истифода аз фурсат ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфт. Раиси шаҳри Исфара Раҳмоналӣ Амиров, ва раиси ташкилоти «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов низ доир ба саҳми ҷавонон дар пешбурди ҷомеа, ободонии Ватан ва нақшаҳои минбаъдаи ин ташкилот ҳарф зада, ҷамъомадагонро ба муносибати Рӯзи ҷавонон муборакбод гуфтанд.

Май 22, 2012 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд