Тантанаи иди Ғалаба дар Хуҷанд

Май 10, 2012 09:49

Душанбе, 10 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 9 май дар майдони Кохи ёдгорӣ ба шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании маркази вилояти Суғд — Хуҷанд бо иштироки собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷамъомади идона бахшида ба 67-умин солгарди Ғалабаи халқи шӯравӣ бар Германияи фашистӣ баргузор шуд.Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамроҳ бо муовини раиси вилоят Мубинҷон Қаюмов, роҳбарияти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр нахуст ба пояи марқади ёдгорӣ гулчамбар гузошта, бо лаҳзае сукут хотири шаҳидони Ватанро пос доштанд. Дар маърӯзаи идонаи раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов корнамоиҳои бемислу монанди халқи тоҷик, аз ҷумла хуҷандиён дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зикр ёфтанд. Роҳбари шаҳр афзуд, ки танҳо дар оғози ҷанг бештар аз 200 нафар сокинони шаҳр барои ихтиёрӣ ба фронт, ба ҳимояи Ватан рафтан ариза доданд. Дар ҳифзи Ватан аз дасти адӯ 10971 хуҷандиён ширкат карданд, ки чаҳоряки аҳолии маркази вилоятро ташкил медод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази таҳлил ва иттилооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.

Май 10, 2012 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад