Тарғиби гӯштини юнонию румӣ миёни ҷавонон
Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова)- Аз 23 то 24 июни соли 2012 дар толори «Ҷашнӣ»-и шаҳри Чкалови вилояти Суғд мусобиқаи ҷумҳуривӣ доир ба гӯштини юнонию румӣ байни ҷавонони солҳои таваллуди 1992-1994 бо мақсади равнақи гӯштини юнонию румӣ гузаронида мешавад. Дар мусобиқа варзишгарон дар вазнҳои аз 50 то 120 кг ширкат меварзанд.Ҳайати даста аз 8 варзишгар, 1 мураббӣ, 1 довар, ҷамъ 10 нафар иборат аст.Дар мусобиқа варзишгарон аз вилояти Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе байни ҳам рақобат хоҳанд кард.Ёдовар бояд шуд, ки дастаҳое, ки ҷойҳои 1, 2 ва 3-юмро ишғол мекунанд, бо медал ва дипломҳои таъсиснамудаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






