Тарғиби тарзи ҳаёти солим
Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Чанде пеш кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар мактаби махсуси бачагону наврасони захираи олимпии рақами 1 – и шаҳри Душанбе таҳти шиори «Мо зидди маводи нашъаоварем» аз рӯи гимнастикаи бадеӣ мусобиқа ташкил намуданд.Тавре аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқа 57 нафар кӯдакони синнашон аз 4 то 15 иштирок намуда, маҳорати худро ба тамошобинони сершумор намоиш доданд.Ин тадбир ба манзури тарғиби тарзи солими зиндагӣ байни кӯдакону наврасон роҳандозӣ шуд.Ба гуфтаи манбаъ, чунин чорабиниҳои варзишӣ имкон медиҳанд, ки кӯдакон аз овони хурдсолӣ ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷалб карда шаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






