Таъсири афзоиши истихроҷи маводи энергетикӣ ба истеҳсолот
Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Агентии омори назди Президенти ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ- апрели соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 зиёд шудани маводи энергетикӣ ва ғайриэнергетикӣ, истеҳсоли маводи хӯрокворӣ, нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, истеҳсоли чарм ва маснуоти чармин, истихроҷи маҳсулоти нафтӣ, соҳаи кимиё, истеҳсоли маҳсулоти резинӣ ва пластмассӣ таъсири мусбат расониданд.Ба иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ-апрели соли 2012 дар саноати истихроҷи маъдан ба маблағи 283,3 млн. сомонӣ маҳсулот бароварда шудааст. Номгӯи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба андозаи 119,6 фоиз, аз ҷумла доир ба истихроҷи маводи энергетикӣ 109,2 фоиз, ғайриэнергетикӣ 120,6 фоизро ташкил додаст. Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард ба 1млрд.666,6 млн. сомонӣ, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ дар якҷоягӣ бо нӯшокиҳо ва тамоку 685,5 млн. сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 486,1 млн. сомонӣ, истеҳсоли маснуот аз чӯб 9,5 млн. сомонӣ ва маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ 73,3 млн. сомониро ташкил додааст. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соҳаи коркард 17,6 фоиз зиёд шудааст.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






