Таъсиси гурўҳи корӣ дар парлумон
Душанбе, 28 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ гурўҳи корӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд, ки сарварии он ба ўҳдаи Саид Ёқубзод, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон доир ба масъалаҳои аграрӣ ва экология вогузор шудааст. Масъалаи мазкур 28 май дар ҷаласаи Шўрои Маҷлиси намояндагон, ки дар ҳузури Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ доир гардид, матраҳ шуд. Дар ҷаласаи Шўро ҳамзамон масъалаҳои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодексҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ», «Дар бораи захираи моддии давлатӣ» ва « Дар бораи милитсия» баррасӣ шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






