Таъсиси гурўҳ Тоҷикистонро бо Латвия наздик месозад
Душанбе, 24 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар парлумони Латвия (Сейм) гурўҳи дўстӣ ва ҳамкорӣ бо Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд, ки ҳадафаш таҳкими равобити байнипарлумонист. Гурўҳи мазкур дар худ 6 нафар намояндаи парлумони Латвияро муттаҳид намуда, онро Александр Саковски сарварӣ менамояд. Дар робита ба ин Салвита Аболтиня, раиси Сейми Латвия ба унвонии Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нома ирсол намуд. Дар нома гуфта мешавад, ки таъсиси гурўҳи дўстӣ миёни парлумонҳои Тоҷикистону Латвия дар таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва тавсеаи робитаҳои судманди ҳар ду кишвар нақши муассир хоҳад бозид. Тибқи иттилои Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси миллӣ дар палатаи болоии парлумони Тоҷикистон соли гузашта чунин гурўҳ таъсис дода шуд, ки онро Убайдулло Қурбонов, узви Маҷлиси миллӣ сарварӣ менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






