Тасмими аъзои СУТ
Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тасмим гирифт, ки тайи 15 соли наздиктарин фавти мардумро аз бемориҳои ғайрисироятӣ баробари 25 фоиз коҳиш диҳад. Дар ин бора Маркази навигариҳои СММ хабар дод. Дар тамоми ҷаҳон бештар аз 63 фоизи бемориҳо ба чунин касалиҳои ғайрисироятӣ, аз қабили саратон, диабет, бемориҳои дил ва рагҳои хунгард рост меояд. Давлатҳои аъзои Созмони умумҷаҳонии тандурустӣ дар иҷлосияи 65 – уми он тасмим гирифтанд, ки барои ҷилавгирии бемориҳои ғайрисироятӣ тадбирҳои судманд андешанд. Тавре маълум аст, сабаби хуруҷ ёфтани ин бемориҳо тамокукашӣ, истемоли машруботи спиртдор, таоми камғизо ва адами фаъолияти ҷисмонӣ мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






