Татбиқи 14 лоиҳаи сармоягузорӣ бо қимати 225 млн. доллар
Душанбе, 11 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хазинаи сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ аз рӯи 14 лоиҳаи татбиқшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 225 млн. доллар маблағ сарф мекунад.Ба иттилои манбаъ, 35 фоизи маблағи сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ барои бахши энергетика ва таъминоти оби ошомиданӣ ҷудо гардидааст. Дар ҷойи дуюм бахши кишоварзӣ қарор дорад, ки барои рушди соҳа 31 фоизи маблағи хазинаи Бонки ҷаҳонӣ масраф хоҳад шуд. Бонки ҷаҳонӣ аз рӯи татбиқи 14 лоиҳа 31 фоизи маблағро барои соҳаи рушди маориф ва ва танҳо 4 фоизи онро барои рушди иқтисоди бахши давлатӣ пешбинӣ намудааст.Дар соли 2012 Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 11,85 млн. доллари амрикоӣ маблағи грантӣ (бебозгашт) ҷудо намуд. Аз рӯи қисмати охирини лоиҳа вазъи 200 ҳазор нафар сокини ҷануби кишвар барои дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ беҳтар гардонида мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






