Татбиқи 50 лоиҳа дар Тоҷикистон
Душанбе, 3 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дар ҷумҳурӣ 50 лоиҳаи сармоягузорӣ татбиқ мегардад, аз ҷумла 21 лоиҳаи қарзии сармоягузорӣ, 24 лоиҳаи бурсӣ ва ҳамчунин 15 лоиҳа аз ҳисоби қарзҳо ва кӯмакҳои бебозгашт дар роҳи амалишавӣ қарор доранд.Ба иттилои манбаъ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ боз як лоиҳаи сармоягузории давлатӣ оғоз гардид. Дар маҷмӯъ татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда аз ҳисоби 19 манбаъ сармоягузорӣ мегарданд.Танҳо дар моҳҳои январ – марти соли ҷорӣ ҳаҷми азхудкунии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 192 млн. сомонӣ, ки муодили 40 млн. доллари амрикоӣ мебошад, амалӣ гардид.Бонки сармоягузории Тоҷикистон дорои 60 лоиҳаи давлатӣ буда, маблағи умумии он 9,2 млрд. сомониро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






