Тибби муосир ва дурнамои рушди он

Май 18, 2012 16:06

Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба 90-солагии зодрӯзи олими намоёни тибби муосири тоҷик, доктори илмҳои тиб, профессор Саттор Раҳимов, ки беш аз 25 соли ҳаёти худро ба рушди илми ҷарроҳии муосири тоҷик ва тарбияи мутахассисони ин соҳа сарф намудааст, конфронси солонаи илмию амалии олимони ҷавон дар мавзӯи «Тибби муосир дар Тоҷикистон: мушкилот, дастовард ва дурнамои рушди он» баргузор гардид.Профессор Саттор Раҳимов муассиси шӯъбаи бемориҳои сӯхтагӣ (ҳоло Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои сӯхтагӣ) мебошад. Ӯ дар мавзӯи «Тағйироти функсионалӣ ва морфологии ҷигар ҳангоми баъзе бемориҳои ҷарроҳиталаб» рисолаи номзадӣ ва рисолаи докториро дар мавзӯи «Садамоти осебӣ ва талафоти шадиди хун дар шароити баландкӯҳ» дифоъ намуда, муаллифи зиёда аз 60 таълифоти илмӣ мебошад.Конфронси имрӯзаи мо низ далели он аст, ки масъалаҳои мубрами тибби муосир диққати олимону донишҷӯёни донишгоҳи моро беш аз пеш ба худ ҷалб менамояд, — зикр намуд дар сухани ифтитоҳии худ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Убайдулло Қурбонов. Дар кори конфронс 10 нафар олими ҷавон ва донишҷӯёни хориҷи кишвар аз Федератсияи Русия, Қирғизистон ва Қазоқистон иштирок доштанд. Корҳои бузурги Саттор Раҳимовро имрӯз шогирдони болаёқати он кас ва олимони ҷавону донишҷӯёни соҳибистеъдоди донишгоҳ бомуваффақият идома медиҳанд. Конфронси имрӯза ба масъалаҳои мубрами тибби муосир бахшида шуда буд.

Май 18, 2012 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд