Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон ба чемпионати Осиё меравад
Душанбе, 15 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Вохӯрии таҷрибавӣ ва ё дӯстонае, ки миёни дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб ва Куриёи Ҷанубӣ дар Амороти Мутаҳидаи Араб баргузор мешавад, ҳамчун давраи омодагӣ ба чемпионати футзали Осиё, ки аз 25 май то 1 июн дар ин кишвар хоҳад гузашт, маънидод мешавад. Футболбозони тоҷик аз 17-ум то 24 –уми май давраи омодагиро ба ин чемпионат дар Дубай паси сар хоҳанд кард. Роҳбарони даста Дамир Камолиддинов ва Шавкат Сатторов ба ин урдугоҳ 13 бозингарро бо худ мебаранд, ки миёни онҳо 7 бозингар аз дастахои Лигаи олии чемпионати мамлакат, аз ҷумла Хуршед Махмудов аз «Регар-ТадАЗ», Алишер Ӯлмасов, Обидҷон Исмоилов аз тими «Хайр», Аҳтам Назаров аз дастаи «Энергетик», Фатҳулло Фатҳуллоев аз тии «Истиқлол», Орзу Додхудоев аз дастаи ССКА «Помир» ва Фирдавс Файзуллоев аз тими «Вахш» мебошанд. Тими футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» ҳамроҳ бо дастаҳои мунтахаби футзали Ҷопон, Тайван ва Лубнон барои роҳхат ба даври чаҳорякфиналӣ мубориза мебарад. Дастаи Тоҷикистон рӯзи 25 май бо дастаи Тайван, 26 май бо тими Ҷопон ва 27 май дастаи бо Лубнон қувва меозмояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






