Тоҷикистон берун аз бозиҳои ¼ финалӣ

Май 28, 2012 11:45

Душанбе, 28 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар Амороти Муттаҳидаи Араб бозиҳои гурӯҳии чемпионати футзали Осиё ба анҷом расид. Мутаассифона, тими мунтахаби Тоҷикистон бо ду бохти охир аз дастаҳои мунтахаби Ҷопон бо натиҷаи 6 бар 1 ва Лубнон 2 бар 1 аз идомаи бозиҳо дар ¼ финал берун монд. Аз гурӯҳи «В» Ҷопон ва Лубнон муборизаро барои пирӯзӣ идома медиҳанд. Аз гурӯҳи «А» дастаҳои Таиланд ва Қирғизистон, аз гурӯҳи «С» Эрон ва Австралия ва аз гурӯҳи «Д» Кувайт ва Ӯзбекистон барои унвони чемпионӣ ширкат меварзанд. Пагоҳ Таиланд бо Лубнон, Эрон бо Ӯзбекистон, Ҷопон бо Қирғизистон ва Кувайт бо Австралия вориди майдон мешаванд.

Май 28, 2012 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад