Тоҷикистон берун аз бозиҳои ¼ финалӣ
Душанбе, 28 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар Амороти Муттаҳидаи Араб бозиҳои гурӯҳии чемпионати футзали Осиё ба анҷом расид. Мутаассифона, тими мунтахаби Тоҷикистон бо ду бохти охир аз дастаҳои мунтахаби Ҷопон бо натиҷаи 6 бар 1 ва Лубнон 2 бар 1 аз идомаи бозиҳо дар ¼ финал берун монд. Аз гурӯҳи «В» Ҷопон ва Лубнон муборизаро барои пирӯзӣ идома медиҳанд. Аз гурӯҳи «А» дастаҳои Таиланд ва Қирғизистон, аз гурӯҳи «С» Эрон ва Австралия ва аз гурӯҳи «Д» Кувайт ва Ӯзбекистон барои унвони чемпионӣ ширкат меварзанд. Пагоҳ Таиланд бо Лубнон, Эрон бо Ӯзбекистон, Ҷопон бо Қирғизистон ва Кувайт бо Австралия вориди майдон мешаванд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






