Тоҷикистон ниёзи кишварҳои ҳамҷаворро таъмин менамояд

Май 29, 2012 14:42

Душанбе, 29 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар Теҳрон ҷаласаи нўҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Эрон, ки муддати се рўз идома дошт, бо имзои Протоколи ниҳоии ҷаласа ба анҷом расид.  Аббос Баёнӣ, масъули бахши иқтисоду тиҷорати Сафорати Эрон дар Душанбе мегўяд, ки фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар тавсеаи робитаҳои иқтисодии ҳар ду кишвар нақши барозанда дорад. Дар ҷаласаҳои Комиссияи мазкур, ки дар шаҳрҳои Душанбеву Теҳрон доир мегарданд, масъалаҳои муҳим, ки ба таҳкими ҳамкориҳои ҳар ду кишвар мусоидат менамоянд, мавриди баррасӣ қарор мегиранд ва онҳо дар оянда амалӣ мегарданд. Дар ҷаласаи нўҳум масъалаҳои марбут ба бахши энергетика,саноат, алоқа, тандурустӣ, кишоварзӣ ва илмию фарҳангӣ матраҳ гардиданд. Аббос Баёнӣ афзуд, ки алҳол дар Тоҷикистон дар радифи бахши давлатӣ бахши хусусии Эрон фаъол буда, 175 ширкати хусусии эронӣ фаъолияти худро дар бахшҳои мухталиф роҳандозӣ намудааст. Мавсуф афзуд, ки гардиши мол дар соли 2011 байни ҳар ду кишвар наздики 400 миллион долларро ташкил додааст, ки он аз густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни ҳар ду давлат шаҳодат медиҳад. Мавриди зикр аст, ки моҳи марти соли равон дар Душанбе сарони се кишвари форсизабон –Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон санади ҳусни тафоҳумро ба имзо расониданд, ки ҳадафаш рушди шабакаи коммуникатсионӣ ва сохтмони роҳу ҷодаҳо буда, дар радифи он бунёди қубурҳо барои интиқоли газу нафт аз Эрон ба Тоҷикистон ва интиқоли об аз Тоҷикистон ба Афғонистону Эрон дар назар аст. Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои обию энергетикӣ дар минтақа мақоми хосса дорад.

Май 29, 2012 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард