Топинамбур дар Данғара

Май 12, 2012 10:13

Кӯлоб, 12 май. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Кооперативи истеҳсолии «Фароз» дар ноҳияи Данғара навташкил буда, дар тавозуни хеш 50 гектар замини корами обӣ дорад. Соли ҷорӣ аз вилояти Краснодари Федератсияи Русия тухмии растании топинамбур хариданд, ки дар айни замон коркарди байни қаторҳои он идома дорад. Топинамбур растаниест, ки аз беху навдаҳои он истифода бурдан мумкин аст. Бехи он аслан ба картошка монанд буда, дар пухтани хӯрок истифода мешавад ва сафедаи зиёд дорад, навдаҳояш ба растании офтобпараст шабоҳат дорад ва хеле серғизо мебошад, ки ба чорво ва паррандагон дода мешавад.Топинамбур ба ҳама гуна иқлим мусоид буда, кишту парвариши он дар қитъаҳои обҳои зеризаминиаш баланд, талу теппаҳо ва ҳатто замини лалмӣ имкон дорад. Бехи топинамбур ба картошка шабоҳат дошта, маззаи нокро дорад ва дар тибб барои табобати бисёр бемориҳо истифода мешавад. Фақат аз бехи ин растанӣ беш аз 120 намуд дору тайёр мекунанд. Афзалияти дигари топинамбур он аст, ки дар соҳаи саноат аз навдааш ҳосил кардани сӯзишворӣ имкон дорад. Ҷумҳурии мо, ки аз ҷиҳати норасоии сӯзишворӣ танқисӣ мекашад, дар оянда васеъ намудани майдони кишти ин зироат ба пайдоиши корхонаҳои нав ва истеҳсоли сӯзишвории аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзон мусоидат хоҳад кард. Топинамбур аслан растании бисёрсола мебошад ва то панҷ сол ҳосили фаровон дода метавонад.  

Май 12, 2012 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад