Тўи домодию арўсӣ бо ҳиммати эҳсонкорон
Душанбе, 31 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Беш аз 10 муассисаю корхона ва ширкатҳои хусусии пойтахт аз худ ташаббуси эҳсонкорӣ нишон дода, дар баргузории тўйи домодию арўсии 60 ҷуфт ҷавон, ки аз оилаҳои камбизоати пойтахтанд, саҳм мегузоранд. Инҳо Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк», Раёсатҳои андоз ва Хадамоти гумруки пойтахт, ҶСК «Тоҷиксемент», ҶДММ «Тоҷикмебел», ширкатҳои мобилии «Вавилон мобайл», «Индиго Тоҷикистон», меҳмонхонаҳои «Тоҷикистон», «Душанбе — Серена» , бозорҳои «Сафариён» ва «Султони Кабир» мебошанд, ки ҳар кадоме дар баргузории ин чорабинӣ 41 ҳазор сомонӣ, ки дар маҷмўъ 451 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, масраф менамоянд. Дар робита ба ин раиси шаҳри Душанбе аз фаъолияти эҳсонкории идораю муассисаҳои мазкур истиқбол намудааст. Тўйи арўсии 60 ҷуфт ҷавони пойтахт 27 июн дар Рўзи ваҳдати миллӣ дар Маркази савдои «Душанбе Плаза» гузаронида мешавад. Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки шаҳрдорӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани тўйи домодию арўсӣ ба масъулини сохторҳои марбутаи пойтахт дастуру супоришҳои мушаххас додааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






