Вайронкунандагони қоидаҳои роҳ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд
Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Рӯзҳои охир дар роҳҳои пойтахт садамаҳои фалокатбору марговар хеле зиёд ба чашм мерасанд, ки сабабаш риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, дағалона вайрон кардани онҳо ва беэҳтиётии ронандагон мебошад. Баҳри бартараф намудани чунин камбудиҳо аз ҷониби нозирони роҳ мунтазам рейдҳои муштарак гузаронида мешавад. Дар баробари риоя накардани қоидаҳои роҳ ронандагоне низ вомехӯранд, ки бо роҳи фиреб ва сӯйистифода аз мансаби хешу табор ва наздиконашон ба нозирони роҳ дағалона муносибат карда, камбудиҳои худро рӯпӯш кардан мехоҳанд. Аз ҷумла, шаҳрванд Шарипов Шералӣ Саидович, сокини шаҳри Душанбе, ки ба кирокашӣ бо мошини шахсии тамғаи «Опел», рақами қайди давлатиаш 99-20 АМ 01 дар хатсайри рақами 8 машғул аст, худро яке аз наздикони вазири корҳои дохилӣ муаррифӣ намудааст. Ҳангоми боздошт аз тарафи нозирони роҳ номбурда ба телефони боварии ВКД 221-21-21 нотарсона занг зада таҳдид мекунад, ки нозирони роҳ ӯро боз доштанд ва агар дарҳол ҷавоб надиҳанд, ба роҳбарияти ВКД занг мезанад. Дар натиҷа маълум гардид, ки номбурда дар хатсайри рақами 8 ғайриқонунӣ ба мусофиркашонӣ машғул буда, аз сабаби надоштани ҳуҷҷатҳои лозимӣ бо суханони бардурӯғ мехостааст аз ҷазои маъмурӣ халос шавад. Тавре ки дар сомонаи интернетии mvd.tj иттилоъ дода шудааст, бо супориши махсуси вазири корҳои дохилӣ аз тарафи нозирони роҳ ва сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ рейдҳои муштарак барои ошкор намудани ронандагоне, ки ба қоидавайронкунӣ роҳ медиҳанд, гузаронида шуда, қонуншиканҳо новобаста аз мансаб, ҷои кор ва вазифа ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






