Ватандорони беҳамтои мулкем
Суғд, 8 май. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз муҳимтарин падидаест, ки тақдири ҷавонони кишвар ва таъмини ҳаёти ояндасози онҳоро ифода мекунад. Дар вилояти Суғд «Як моҳи ҷавонӣ» таҳти унвони «Ватандорони беҳамтои мулкем» бо раҳпаймоии ҷашнӣ ва бо ҷалби беш аз 6000 нафар ҷавон аз шаҳри Хуҷанд оғоз гардид. Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо баргузории чорабиниҳои муҳим дар сатҳи вилоят, аз қабили озмунҳои «Ҷуфти муносиб» байни оилаҳои ҷавон ва «Садои дил», ҳафтаи худидоракунӣ дар мақомоти иҷроияи вилоят бо ҷалби донишҷӯёни мактабҳои олӣ, маросими супоридани идрорпулии раиси вилоят ба донишҷӯёну аспирантони мактабҳои олии вилоят, маҳфили «Хушдилон ва ҳозирҷавобон», намоиш-озмунҳои ихтироъкорони ҷавону наврас, асарҳои рассомони ҷавон, мусобиқаҳои варзишии футболи хурд байни факултаҳои мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, дави миллӣ, аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат, тӯи арӯсию домодӣ ва хатнасури 27 нафар кӯдак аз оилаҳои камбизоат пешбинӣ шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






