Вижагиҳои забони русӣ дар Душанбе баррасӣ мегардад
Душанбе, 25 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Вижагиҳои ташаккули фарҳанги муошират ва сухангўии хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз забони русӣ» фардо зимни баргузории конфронси байналмилалии илмию амалӣ дар Душанбе матраҳ мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Маҳмудхон Шоев, масъули бахши матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ иттилоъ дод. Конфронс бо иқдоми Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон созмон дода шуда, ҳадафаш такмили омўзиши забони русӣ дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, ташаккули дузабонии миллӣ ва русӣ, мусоидат ба робитаҳои забонҳо ва тамаддунҳо, дарёфти роҳу усули самараноки баланд бардоштани фарҳанги сухангўӣ, дурнамои фаъолият дар самти инкишофи малакаҳои муоширати муҳассилин мебошад. «Мо ният дорем зимни баргузории конфронс роҳу усулҳои инноватсионии таълими забони русиро дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор диҳем», мегўяд Ирина Каримова президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон. Мавсуф афзуд, ки дар ҷараёни конфронс масъалаҳои робитаи забон ва фарҳанг дар ташаккули одоби муошират ва сухангўии муҳассилин, омўзиши муқоисаваии забонҳо ҳамчун заминаи лингвистии таълими забони русӣ дар мактабҳои тоҷикӣ, ташаккули ҳавасмандгардонии муҳассилин ба омўзиши забони русӣ чун воситаи муоширати байналмилалӣ муҳокима мешаванд. Дар конфронс иштироки олимону муҳаққиқони шинохта, омўзгорону мутахассисони варзидаи муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ва соири кишварҳои хориҷӣ дар назар аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






