ВКХ аз пардохти 15% маблағ озод шуд

Май 16, 2012 14:39

Душанбе, 16 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Вазорати корҳои хориҷии /ВКХ/ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти 15 %-и маблағҳои барзиёди даромад нисбат ба хароҷот ва буҷет, ки 4 миллион сомониро ташкил медиҳад, озод карда шуд. Маблағи мазкур барои сохтмони бинои нави маъмурии ВКХ равона мешавад. Вобаста ба ин масъала вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» иловаҳо ворид намуданд. Рўҳуллоҳ Ҳакимов, муовини вазири молияи ҷумҳурӣ зимни тавзеҳи масъала гуфт, ки ин пешниҳод бо назардошти аз ҷониби ВКХ ҷумҳурӣ идома ёфтани корҳои сохтмонии бинои нави маъмурии вазорат аз сўи Ҳукумат ба парлумон ироа гардидааст, ки ҳадафи он сарфаи маблағҳои махсуси воридшаванда ва равона намудани онҳо ҷиҳати сохтмони бинои нави ВКХ аст. Мавсуф афзуд, ки тибқи нақшаҳои хатҳои берунӣ ва сохтмони бинои маъмурии ВКХ дар соли 2012 хароҷоти 36, 8 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки тақрибан 26 миллион сомонии он барои таъмини бино бо таҷҳизоту маҳсулоти сохтмонӣ, барои кору хизматрасонӣ равона мегардад. ВКХ дар доираи нақшаҳои тасдиқшудаи маблағҳои махсус ва фонди муввақатӣ танҳо имконияти пардохти 22 миллион сомониро дорад ва маблағи боқимонда дар ҳаҷми 14, 8 миллион сомонӣ бояд аз ҳисоби ҷамъи сармояи хориҷӣ ва дигар манбаъҳо таъмин шавад.

Май 16, 2012 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст