Вохӯрӣ бо вазири корҳои дохилӣ
Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Ҷанговарони гурӯҳи махсуси зудамали Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷараёни вохӯрии вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов бо роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҷумҳурӣ малакаҳои ҷанги тан ба тан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористӣ, мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили вобаста бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаоварро намоиш доданд.Мувофиқи хабари сомонаи расмии ВКД ҶТ, Рамазон Раҳимов зимни суханрониаш изҳор дошт, ки гурӯҳи махсуси зудамали Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дар системаи ВКД мақоми аввалро касб намуда, зидди ҷинояткориҳо ба таври шоиста мубориза мебарад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






