Вохӯрии М. Убайдуллоев бо ҷавонон

Май 21, 2012 15:01

Душанбе, 21 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 23 май, ки ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ Рўзи ҷавонон таҷлил мегардад, бо ҷавонони фаъоли касбу кори гуногуни пойтахт вохўрӣ менамояд. Дилшод Қурбонов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе мегўяд: дар ҷараёни мулоқоти раиси шаҳр бо ҷавонон масоили марбут ба ҳаёти ҷавонон, хусусан ҳалли мушкилоти вобаста ба рўзгори онҳо баррасӣ шуда, инчунин истифодаи нерўи созандаи ҷавонон дар рушду ободонӣ ва пешрафти пойтахт матраҳ мегардад. Мавриди зикр аст, ки чанде пеш бо қарори раиси шаҳр аз 14 то 23 май дар пойтахт «Даҳ рўзи ҷавонони шаҳри Душанбе» эълон шуд. Дар доираи ин тадбир аз ҷониби сохторҳои марбутаи пойтахт баргузории чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангӣ , варзишӣ ва мулоқот бо собиқадорони ҷангу меҳнат, ҳайати афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ ва соири чорабиниҳои дигар дар назар дошта шудааст.

Май 21, 2012 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд