Як қадам то роҳхати олимпӣ
Душанбе, 15 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Мавзуна Чориева дар рақобати дуввуми худ дар чемпионати ҷахон доир ба бокс, ки дар кишвари Чин идома дорад, ба сӯи роҳхати олимпӣ боз як қадами устувор гузошт. Дар вазни то 60 кг ӯ бар ҳарифи худ Каролина Яршевич аз Лаҳистон бо натиҷаи 20 бар 10 пирӯз шуда ба даври навбатӣ гузашт. Рақиби навбатиаш Антонина Шевченко аз Қирғизистон мебошад. Ду нафар шарики ӯ дар ин мусобиқа: Матлуба Каримова дар вазни то 48 кг ва Светлана Веглина дар вазни то 51 кг аз ҳарифони худ мағлуб шуда, аз мубориза барои роҳхати олимпӣ берун шуданд. Алҳол дар соири рақобатҳо бонувони боксчии Русия пешқадаманд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






