Ярмаркаи баҳории маҳсулоти косибон
Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). – Бо ибтикори Маркази фарҳанги «Бохтар» ва бо кӯмаки молиявии ташкилоти CESVI – и Сафорати ИМА дар ҶТ ва Маркази рушди сайёҳӣ аз 26 то 27 май дар шаҳри Душанбе Ярмаркаи баҳории маҳсулоти косибон баргузор мешавад, ки мақсад аз он ҳифзу густариши анъанаҳои косибӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Ба ин муносибат дар Маркази фарҳанги «Бохтар» конфронси матбуот баргузор гардид. Мувофиқи суханони ҳамоҳангсози барномаи рушду дастгирии бахши косибӣ Галина Юнусова, чунин ярмаркаҳо аз соли 2003 инҷониб дар фаслҳои баҳору тирамоҳ гузаронида мешаванд.Маркази фарҳанги «Бохтар» дар ҳошияи барномаи мазкур барои баланд бардоштани сифати маҳсулоти косибон барномаҳои мухталифи таҳсилотиро роҳандозӣ мекунад.Дар ярмарка маҳсулоти беш аз 50 нафар косибони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба маърази намоиш гузошта мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






