Ёде аз варзишгари номӣ

Май 7, 2012 11:53

Хоруғ, 7 май. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Бо ибтикори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят ва сокинони маҳаллаи Хичордеви шаҳри Хоруғ мусобиқаи дуюми вилоятӣ аз рӯи гӯштини тарзи озод ба хотири гиромидошти яке аз варзишгарони беҳтарини вилоят шодравон Варқа Гулмамадов баргузор гардид. Варқа Гулмамадов дар даврони шӯравӣ шарафи вилоятро дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ аз рӯи намудҳои баскетбол, гӯштини тарзи озод ва самбо баланд бардошта буд. Дар мусобиқа беш аз 270 нафар наврасону ҷавонон, калонсолон ва чанд тан аз паҳлавонони шаҳри Душанбе низ иштирок намуданд.Мусобиқа се рӯз давом карда, дар ҷараёни он Гавҳар Устодаков, Назарбек Муродбеков, Тӯронзодаи Далер ва Салам Имомназаров маҳорати баланд нишон дода, бо медалҳои дорои акси шодравон В.Гулмамадов ва ифтихорномаву мукофотҳои пулӣ қадр карда шуданд.

Май 7, 2012 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд