Ёде аз забоншиноси маъруф
Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Имрӯз дар толори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ бахшида ба 80-солагии забоншиноси маъруф, доктори илми филология, профессор Додихудо Карамшоев бо иштироки олимон, забоншиносон, донишмандону муҳаққиқон ва ҳамкорону шогирдон маҳфили ёдбуд баргузор гардид. Ёдбудро бо сухани ифтитоҳӣ Президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Мамадшо Илолов оғоз бахшид. Доктори илмҳои филологӣ М. Аламшоев, профессор Парвона Ҷамшедов ва номзади илмҳои филологӣ С. Матробов дар мавзӯъҳои «Додихудо Карамшоев-луғатшинос ва педагог», «Саҳми Д. Карамшоев дар омӯзиши забонҳои помирӣ» маърӯза намуданд. Ҳамчунин дар маҳфил хотироти ҳамкорон, шогирдон ва дӯстони олим шунида шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






