«Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон»
Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – 29 майи соли ҷорӣ, соати 10 дар бинои Театри давлатии таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов барномаи корҳои дипломии шӯъбаи актёрии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода баргузор мегардад. Дар барнома драмаи Ф. Ансорӣ «Имтиҳон» ба тамошобинон тақдим мешавад, ки коргардони он Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабоҳатхон Қосимова мебошад.Ҳамчунин 31 майи соли ҷорӣ, соати 10 намоишномаи «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон», ки аз рӯи ашъори Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Шайх Аттор ва Ҳофизи Шерозӣ ба саҳна гузошта шудааст ва онро ба сифати мусанниф ва коргардон Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон Фаррухи Қосим таҳия намуда буд, манзури тамощобинон мегардад.Нақши Шайх Яъқубро Фирдавс Қосимов, Юсуфро Аъзам Андамбеков, Зулайхоро Шарифа Партовиева ва нақши ДевонароАрдашер Маҳмудов бозидаанд. Барномаҳо бо ташаббуси Раёсати Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода роҳандозӣ шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






