«Юсуфи гумгашта»-и донишҷӯён
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Имрӯз дар бинои Театри давлатии таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов барномаи корҳои дипломии шӯъбаи актёрии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода баргузор гардид. Дар барнома намоишномаи «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон», ки аз рӯи ашъори Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Шайх Аттор ва Ҳофизи Шерозӣ таҳия шуда буд, манзури тамошобинон гардид.Нақши Шайх Яъқубро Фирдавс Қосимов, Юсуфро Аъзам Андамбеков, Зулайхоро Шарифа Партовиева ва нақши Девонаро Ардашер Маҳмудов бо маҳорати баланди актёрӣ бозиданд ва он ки аз ҷониби меҳмонону мухлисон хеле хуб пазируфта шуд. Барнома бо ташаббуси Раёсати Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода роҳандозӣ шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






