Замини сархӯр дар вилояти Хатлон
Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон, танҳо зимни санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ дар корхонаю ташкилот, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ дар минтақаи Қӯрғонтеппа аз ҷониби кормандони раёсати агентии мазкур 70 ҷинояти коррупсионӣ ошкор шудааст. Дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони ин ниҳоди давлатӣ, ҳамчунин дар минтақаи Кӯлоб 33 ҷинояти коррупсионӣ дар бобати хариду фурӯши ғайриқонунии замин ба қайд гирифта шудааст. Санҷиш муайян намуд, ки дар ин ду минтақаи вилояти Хатлон ба давлат ба маблағи 3 млн. 305 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ расонида шудааст. Кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилоят тавонистанд зарари молиявиро ба маблағи 2 млн. 553 ҳазор сомонӣ барқарор намоянд. Дар 20 ҳолати қонуншиканӣ 18 нафар масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон даст ба ҷиноят задаанд, ки асосан хариду фурӯши замин аст. Масъулини мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо вуҷуди он ки медонанд замин моликияти истисноии давлатӣ буда, хриду фурӯш карда намешавад, ба ҳар навъ аз роҳи таъмаҷӯӣ ба хариду фурӯши он даст мезананд. Оқибати ин қонуншиканиҳо ба он оварда расонид, ки нисбати 18 нафар корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон парвандаи ҷиноӣ кушода шавад. Бо сабаби чунин қонуншиканиҳо дар байни мардум ибораи «замини сархӯр» хеле маъмул шудааст. Тафтишотро нисбат ба ҳамаи ин қонуншиканиҳо кормандони Раёсати Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи вилоят мебаранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






