«Зерновая компания» аз ААИ озод гардид, зеро…
Душанбе, 16 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зерновая компания»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои ворид намудани таҷҳизот ва технологияи муосири итолиявӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод гардид. Дар ин хусус палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон 16 майи соли равон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» иловаҳо ворид намуд. Руҳўллоҳ Ҳакимов, муовини вазири молияи кишвар дар назди вакилони парлумон гуфт: ҶДММ «Зерновая компания» ин тадбирро бо мақсади васеъ намудани доираи истеҳсолии корхона, ҷорӣ намудани хатҳои нав барои истеҳсоли маҳсулоти макаронӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва зиёд намудани пардохтҳои буҷавӣ андешидааст. Бо ворид намудани технологияи муосири хориҷӣ ва ба роҳ мондани он иқтидори истеҳсолии корхона меафзояд, зеро технологияи муосири воридшаванда аз Италия иқтидори коркард ва истеҳсоли 2 ҳазору 100 кг маҳсулоти макаронӣ дар як соатро дошта, арзиши он ба 2 миллион евро баробар аст. Аз ин рў, бо назардошти додани имтиёзҳои андозии иловагӣ барои ворид намудани таҷҳизоти технологӣ ва маводи такмилии онҳо барои эҳтиёҷоти ҶДММ «Зерновая компания», ширкати мазкур ба маблағи 3 миллион сомонӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ озод мегардад, ки 2, 4 миллион сомониро андоз аз арзиши иловашуда ва 650 ҳазор сомониро боҷи гумрукӣ ташкил медиҳад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






