Жозе Моурино шартномаашро бо “Реал” тамдид кард
Душанбе, 23 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Сармураббии клуби футболи «Реал»- Мадрид Жозе Моурино шартномаи худро бо даста то 30 июни соли 2016 тамдид кард. Дар бораи шартҳои молиявӣ чизе гуфта нашудааст. Моурино соли 2010 ба дастаи «Реал» гузаштааст. Дар соли аввали фаъолияташ даста соҳиби Ҷоми Испания гардид. Соли 2011″Реал» тавонист баъди 6 сол марҳилаи аввали плей-оффи Лигаи чемпионҳоро паси сар кунад ва ба бозиҳои нимниҳоӣ роҳхат гирад. Дар мавсими 2011/12 «Реал» таҳти роҳбарии Моурино чемпиони Испания гардид. Моурино дар таърих чорумин мураббиест, ки дар чор кишвар унвони чемпиониро ба даст овардааст. Аз ин пештар ӯ бо «Порту» чемпиони Португалия, бо «Челси» чемпиони Англия ва бо «Интер» чемпиони Италия шуда буд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






