Қабули беш аз 200 санад аз сўи парлумон
Душанбе, 29 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- « Беш аз 200 қонуну қарорҳо дар доираи 27 ҷаласаи иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон даъвати чорум баррасӣ ва қабул гардидаанд, ки аз он 140 қонун, 42 қарори палатаи поёнии парлумони мамлакат ва 34 қарор дар хусуси тасдиқи Созишномаҳо, Аҳдномаю Конвенсияҳост». Ин матлабро Шукурҷон Зуҳуров- раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ зимни гузориши худ дар назди вакилон 29 июни соли 2012 иброз дошт. Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат бо ироаи гузориш «Дар бораи фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» таъкид кард, ки ташаббуси ҳуқуқи қонунгузории вакилон дар ҷараёни иҷлосияи сеюм низ бештар гардида, вакилон ҳар яке аз 1 то 9 лоиҳаи қонунҳоро таҳия ва пешниҳод намуданд. Дар ин муддат бо истифода аз ташаббуси ҳуқуқи қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ 67 лоиҳа, Ҳукумати мамлакат 83 лоиҳа, аъзои Маҷлиси миллӣ дар ҳаммуаллифӣ бо вакилони Маҷлиси намояндагон 60 лоиҳа ва аз ҷониби вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат 35 лоиҳаи қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия ва пешниҳоду қабул гардиданд. Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ин давра 16 лоиҳаи қонунҳои мукаммал ва 18 тағйиру илова ба қонунҳоро пешниҳод ва қабул карданд. Қонунҳои қабулшуда аз лиҳози соҳавӣ марбут ба иқтисодиёт 36 лоиҳаи қонун, 11 лоиҳаи қонун дар бахши иҷтимоиёт, ҳимояи ҳуқуқи инсон 39 қонун, тартиботи ҳуқуқӣ мудофиа ва амният 38 қонун, такмили сохтори давлатӣ 12, лоиҳаи қонунҳои вобаста ба масъалаҳои кишоварзию экологӣ 17, илму маориф 10 қонун ва масъалаҳои марбут ба энергетика, саноат ва сохтмон 15 қонун мебошанд. Қонунҳои таҳия ва қабулшуда бевосита ба рушди иқтисодиёти кишвар, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди соҳаҳои иҷтимоии кишвар мусоидат менамоянд. Дар маҷмўъ дар ин давра зимни баргузории 39 ҷалсаи Шўрои палатаи поёнии парлумони мамлакат 571 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Ҳамзамон, 29 июн зимни баргузории ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми палатаи поёнии парлумони мамлакат дар асоси Қарори Маҷлиси намояндагон ваколати вакили Маҷлиси намяондагон Х.Ҳакимова (бинобар вафоташ) пеш аз мўҳлат қатъ гардида, аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон бароварда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






