Қабули оинномаи ҶСК «НБО Роғун» дар таҳрири нав
Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» баргузор шуд. Дар маҷлиси умумӣ нахуст ҳисоботи шахсони масъул доир ба фаъолият ва баҳисобгирии муҳосибавии ҶСК «НБО Роғун» дар соли 2011 шунида шуда, оинномаи ҶСК «НБО Роғун» дар таҳрири нав қабул гардид.Ҳамзамон дар ҷаласа аъзои Шӯрои нозирон, комиссияи тафтишотӣ ва комиссияи баҳисобгирии ҶСК «НБО Роғун» интихоб шуданд.Ҷаласаи умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шӯрои нозирони ҶСК «НБО Роғун» Оқил Оқилов баргузор гардид.Дар он саҳмдорони ҷамъият, аъзои Шӯрои нозирон, роҳбарияти нерӯгоҳ, намояндагони комиссияҳои ҷамъиятии назорати харҷи маблағҳои фурӯши саҳмияҳо ва комиссияи баҳисобгирию тафтишотии ҶСК «НБО Роғун» иштирок намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






