Қабули ёрии башардӯстона
Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар давоми моҳҳои январ-майи соли 2012 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 мамлакати хориҷи дуру наздик ба маблағи 36 млн 297,3 ҳазор доллари амрикоӣ ёрии башардӯстона ворид шудааст.Ба иттилои манбаъ, дар панҷмоҳи сипаришуда ба миқдори 4 ҳазору 938,9 тонна орд, 374,9 тонна равғани растанӣ, ба малағи 17 млн. 576,3 ҳазор доллар доруворӣ ва ба маблағи 456 ҳазор доллар либосу пойафзол ворид шудааст. Дар давоми 5 моҳи аввали соли 2012 ҳамчунин озуқа, кӯрпаю болишт, дастгоҳҳои тиббӣ, асбобҳои маишии элекронӣ ва таҷҳизоти компютерӣ ба маблағи садҳо ҳазор доллар ворид гардидааст.ИМА миёни давлатҳои кӯмакрасон дар ҷойи аввал қарор дошта, 50,5 фоизи кӯмакҳои башардӯстонаи ба Тоҷикистон воридшуда ба ин давлат тааллуқ доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






