Қариб нисфи аҳолии кишвар кўдаконанд
Душанбе, 1 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-1 июн дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон таҷлил мегардад. Дар робита ба ин имрўз дар Боғи кўдакони пойтахт, ки намои идона гирифтааст, чорабиниҳои гуногуни идона гузаронида мешаванд ва дар он кўдакону наврасон маҳсули ҳунари хешро ба маърази тамошо мегузоранд. Кўдакон ояндаи ҷомеа ва миллат буда, тўли солҳои охир Ҳукумати мамлакат нисбат ба беҳбуди вазъи иҷтимоии онҳо, хусусан кўдакони осебпазир ғамхорӣ зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас меандешад. Тибқи маълумоти оморӣ аз 7 миллион аҳолии кишвар 3 миллионашро кўдакон ташкил дода, дар ҷумҳурӣ беш аз 30 ҳазор кўдаки осебпазир дар мактаб-интернатҳои махсус ба парваришу омўзиш фаро гирифта шудаанд. Вобаста ба ин ид роҳбарони бархе аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва шахсони эҳсонкор ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва хонаҳои бачаҳо кўмакҳои хайриявӣ расониданд. Бояд тазаккур дод, ки Рўзи байналмилалии муҳофизати кўдакон зимни қабули қарор дар иҷлосияи Федератсияи байналмилалии демократии занон, ки соли 1949 дар Париж баргузор гардида буд, эълон шудааст. Ин сана аз соли 1950 инҷониб таҷлил мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






