Қисмати ҷануби кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо меёбад

Июнь 20, 2012 14:55

Душанбе, 20 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ барои бунёди хати роҳи оҳани Душанбе –Қўрғонтеппа аз андоз аз арзиши иловашуда ва пардохтҳои гумрукӣ озод карда мешавад. Дар ин хусус вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 20 июн ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» илова ворид намуданд.   Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи ҷумҳурӣ ҳангоми баррасии масъалаи мазкур гуфт, ки сохтмони роҳи оҳани мазкур шароит фароҳам меорад, ки минтақаи Душанбе бо минтақаи Қўрғонтеппа пайваст гардад. Он имкон медиҳад, ки масофаи роҳи оҳани Душанбе ва Қўрғонтеппа тавассути роҳи оҳани Ўзбекистон 331 километр кўтоҳ гардад. Инчунин он гаронии арзиши боркашонӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолиро сабук менамояд. Хатти роҳи оҳани бунёдшаванда 40 километр дарозӣ дошта, он дорои як нақб бо дарозии 2 км 340 метр ва 18 купрўки хурду калон аст. Вазири молияи кишвар афзуд, ки тибқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ ва асосноки техникӣ- иқтисодӣ , ки аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатии Пажўҳишгоҳи илмию таҳқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ таҳия шуда, барои пўшонидани хароҷотҳо ҷиҳати харидани маводи қисми болои роҳ барои сохтмони азнавсозии фосиалаҳои роҳи оҳани Душанбе Ёвон, азнавсозии фосилаҳои роҳи Ваҳдат –Элок инчунин, Қўрғонтеппа ва Вахш маблағҳои корҳои иҷрошаванда ба 508 миллион сомонӣ баробар аст. Аз он андоз аз арзиши иловашуда аз ҳисоби иҷрои корҳои сохтмонӣ 92 миллион сомонӣ, андоз аз арзиши иловашуда аз ҳисоби маводи воридшаванда барои қисми болии роҳ 32 миллион сомонӣ ва боҷи гумрукии онҳо 11 миллион сомониро ташкил медиҳад. Имтиёзҳои андозии пешниҳодшуда имконият медиҳад, ки рушди минбаъдаи базаи моддию техникии роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шуда, аз ҳисоби маблағҳои худи корхона техникаю таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ барои сохтмони роҳи мазкур харидорӣ гардад. Интизор меравад, ки роҳи оҳани мазкур дар зарфи ду соли оянда сохта ба истифода дода шуда, он бобати раҳоии қисмати ҷануби кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ нақши муассир мебозад.

Июнь 20, 2012 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд