Қонунҳои нав аз ҷониби аъзои ММ матраҳ гаштанд
Душанбе, 14 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз 50 масъала дар ҷаласаи Шўрои палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баррасӣ шуданд. Аъзои Шўрои Маҷлиси Миллӣ, аз ҷумла 7 қонуни навро, ки қаблан аз ҷониби Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва қабул гардида буданд, матраҳ намуданд. Инҳо Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт», «Дар бораи амнияти нақлиётӣ», «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ», «Дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо», «Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, «Дар бораи криптография» мебошанд. Тибқи иттилои Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаи Шўро ҳамзамон маҷмўи масъалаҳои марбут ба сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соири масъалаҳои вобаста ба рушди минбаъдаи бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар матраҳ гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






