Қонунҳои нав- кадами устувор дар роҳи рушд
Душанбе, 15 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 55 масъала, аз ҷумла 7 қонуни наву мукаммалро аъзои Маҷлиси миллӣ дар ҷараёни баргузории иҷлосияи нўҳуми палатаи болоии парлумони Тоҷикистон муҳокима ва ҷонибдорӣ намуданд. Инҳо Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт», «Дар бораи амнияти нақлиётӣ», «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ», «Дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо», «Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ» ва «Дар бораи криптография» мебошанд, ки қаблан аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва қабул гардида буданд. Қонунҳои нав дар рушди иқтисодиёти кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои тавсеаи савдои хориҷӣ, беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва танзими фаъолияти осорхонаҳо ва дар ин замина ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши муассир мегузоранд. Аъзои Маҷлиси миллӣ ҳамзамон зиёда аз 10 масъаларо, ки ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодексҳои ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ, мурофиавии гражданӣ, мурофиавии иқтисодӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, гражданӣ (қисмҳои 1 ва 2), Кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут буданд, баррасӣ намуда, онҳоро ҷонибдорӣ карданд. Зимни шарҳи масъалаҳои рўзномаи иҷлосия раисони Кумитаҳои Маҷлиси миллӣ зикр карданд, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои баррасишуда ба такмили қонунгузории кишвар, бартараф намудани мухолифати байни қонунҳо, татбиқи «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013» дар кишвар, таҳкими волоияти қонун, мутобиқ намудани баъзе қонунҳои мамлакат ба талаботи Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ҷиҳати ворид шудани Тоҷикистон ба ин созмон ва беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангии кишвар рабт дорад. Ҳамзамон бо ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» ҳамасола дар Тоҷикистон 9 декабр Рўзи геологҳо таҷлил мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






