12 июн — Рӯзи истиқлолияти Русия
Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 12 июн Русия Рӯзи истиқлолиятро таҷлил менамояд. Ба ин муносибат Иттифоқи занони ҳамватанони русиягии Тоҷикистон бо дастгирии Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндагии Ҳамкории Русия ва Шӯрои ҳамоҳангсозии ҳамватанони русиягӣ имрӯз, 7 июн мизи мудаввар дар мавзӯи «Русия — давлати муқаддаси мо – кишвари маҳбуби мо» — ро роҳандозӣ намуданд. Иштирокдорони мизи мудаввар мақоми хатмкунандагони донишкадаҳои олии Русия дар таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикистону Русия, равобити тиҷоратии ҳамватанони русиягии Тоҷикистон бо Русияро мавриди муҳокима қарор доданд.Дар кори мизи мудаввар вакилони Парлумони ҶТ, Вазорати маориф, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии ҳамватанони русиягӣ, арбобони театр, хатмкунандагони донишкадаҳои олии Русия иштирок доштанд.Хотирнишон месозем, ки Рӯзи Русия ҳар сол аз соли 1992 дар рӯзи қабули Эъломия дар бораи соҳибихтиёрии давлатии Федератсияи Русия 12 июн таҷлил мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






