Ҳаҷми маҳсулоти умумӣ меафзояд
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Тайи 5 моҳи соли равон ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ беш аз 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ афзуд. Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, дар давраи ҳисобот ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 6,8 фоиз афзуд. Аз ҷумла ҳаҷми маҳсулоти чорводорӣ беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ ва растанипарварӣ 362 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар давраи гузашта дар ҳамаи хоҷагиҳо беш аз 13 ҳазору 288 тонна ғалла, 26 тонна картошка, 7 ҳазору 100 тонна сабзавот истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 зиёд аст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






